Семинар – Машвари техникӣ оид ба бехатарии саноатӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои соҳаи ангишти вилояти Суғд дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ.



Санаи 8 декабри соли 2017 Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супоришҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ семинар – машварати техникии сайёрро дар асоси чорабиниҳо оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ – профилактикӣ, бо мақсади риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, садамаҳои истеҳсолӣ дар корхона, ҷамъиятҳо ва ширкатҳои пудратии соҳаи ангишт дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии Аламзода И.Б. муовини якуми сардори Хадамот, инчунин бо иштироки сардорони нозиротҳои Хадамоти мазкур, сармуҳандиси КВД «Ангишти Тоҷик» — и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, кормандони қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳии шаҳраки Зарафшон ва 55 нафар роҳбарону мутахассисони соҳаи ангишти вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар семинар – машварати мазкур намояндагони КФ«Шахтаи Фон –Яғноб дар ҳайати Остонов М.М. — муовини директор, Ҳоҷиев С. Ҳ. – сармуҳандис, Сангов М.Н. – ҷонишини сармуҳандис, Қаландаров Қ.О. — муҳандиси техникаи бехатарӣ, Алямов Ш.И. – муҳандиси ҳифзи меҳнат ва сардорони қитҳаҳои кон иштирок намуданд.


Ҳоҷиев Собир Ҳомидович — Сармуҳандиси КФ «Шахтаи Фон – Яғноб» дар баромади худ қайд намуд, ки корхона дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин корхонаи истихроҳкунандаи ангиш ба ҳисоб рафта, қариб 60% — и ангишти мамлакатро

истихроҷ менамояд ва имрўзҳо дар корхона бо қалби муассисаҳои лоиҳакашии Федератсияи Руссия ҶДММ «Ростовгипрошахт» дар арафаи таҳияи лоиҳаи истихроҷи ангишт бо тарзи зеризаминӣ корҳо рафта истодааст. Сармуҳандиси корхона қайд кард, ки хушбахтона дар соли 2017 дар корхона ягон ҳодисаи нохуш ва ҷароҳоатбардорӣ ба қайд гирифта нашудааст, зеро аз аз тарафи роҳбарияти корхонаи фарҳӣ шароити ҳифзи меҳнат ва бехатарии саноатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Миннатдории роҳбарияти Хадамот барои дар сатҳи баланд ташкил ва барпо намудани семинар – машварати техникӣ оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ – профилактикӣ, риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, садамаҳои истеҳсолӣ дар корхона, ҷамъиятҳо ва ширкатҳои пудратии соҳаи ангишт дар вилояти Суғд ба роҳбарияти КФ «Шахтаи Фон – Яғноб» расонида шуд.