МАЪЛУМОТНОМА
дар бораи фаъолияти истеҳсолии
корхонаи фаръии “Шахтаи Фон - Яғноб”

Корхонаи фаръии "Шахтаи Фон - Яғноб" дар соли 2019 ҳаҷми корҳои қабаткушоиро ба дар ҳаҷми 3 331 ҳазор м³ ба иҷро расонид, ки нисбат ба нақша дар ҳаҷми 217 ҳазор м³ зиёд мебошад.
КФ “Шахтаи Фон-Яѓноб” тибқи нақшаи дурнамо соли 2019 истихрољи ангиштро дар ҳаҷми 845 њазор тонна ба нақша гирифта, то охири сол зиёда аз 889 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуд, ки нисбат ба нақша 44 ҳазор тонна зиёд буда, иҷроиши нақшаи солона 105,2 % ташкил додааст.
Харидорони асосии ангишти истихроҷнамудаи корхона пеш аз ҳамаи корхонаҳои бузурги стратегии саноатӣ ва энергетикии Ҷумҳурӣ мебошанд, аз ҷумла:
- Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе”;
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент”;
- инчунин корхонаҳои истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ, оҳангудозӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ – соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дигар намуди корхонаҳои хурду миёнае, ки истеҳсолоташонро бо ангишт ба роҳ мондаанд ва аҳолии мамлакат ба шумор меравад.
Шумораи умумии кормандони корхона 270 нафар мебошад.
Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон - Яғноб» ба ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии ш. Душанбе» дар соли 2019 зиёда аз 493,5 тонна интиқол намудааст, ки нисбат ба нақшаи солона 13,5 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар соли 2020 роҳбарияти корхона тасмим гирифт, ки истихроҷи ангиштро аз кони зеризаминӣ ба роҳ монда ҳаҷми истихроҷи ангиштро рӯ ба афзоиш диҳад. Дар ин замина дар кони зеризаминӣ корҳои зерин ба анҷом расонида шуд:
- сохтмони роҳи автомобилгард то минтақаи қитъаи зеризаминӣ ба масофаи 2,8 км;
- сохтмони майдончаи саноатӣ, анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот дар назди нақб;
- сохтмони даромадгоҳи нақб;
- хати гузариши об ба масофаи 2,2 км;
- хати интиқоли барқи баландшиддати 6 кВ аз зеристгоҳи ПС 110/6кВ «Истиқлол» то минтақаи қитъаи зеризаминӣ ба масофаи 3,3 км ва ғайраҳо.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, саривақт ва босифат иҷро намудани нақшаҳои дурнамои корҳои қабаткушоӣ ва истихроҷи ангишт корхона дар соли 2019 - 17 адад автомашинаҳо, техникаҳои кӯҳкорӣ, механизмҳо ва таҷҳизотҳоро харидорӣ намуд.